Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
— Ту бароям азизтарин касӣ, ман бе ту
мемирам, ваъда деҳ, ки маро танҳо намегузорӣ.
Зебосанам ҳам ваъда дод, ки танҳояш
намегузорад.
Рӯзе Зебосанам дар оинаи сеҳрнок падарашро бемору ранҷур дид. Ӯ зуд назди махлуқи девсурат омада, барои дидани падараш иҷозат пурсид.
Махлуқ ғамолуд гуфт:
— Падарат бемор бошад, бирав, вале маро
фаромӯш накун ва баргард, ки бе ту аз танҳоӣ
мемирам.
— Ман баъд аз як ҳафта бармегардам, -ваъда
дод Зебосанам.
— Ту хоб рав ва вақте аз хоб бархестӣ, худро дар хонаи падар мебинӣ, — гуфт махлуқ, — вақти бозгашт ангуштаринатро ба ҷевони назди кати хонаи падарат парто, боз дар хонаи ман пайдо мешавӣ.
Баъди ин онҳо бо дили нохоҳам аз ҳам ҷудо шуданд ва Зебосанам ба хонаи хоб рафт. Чун ӯ аз хоб хест, худро дар хонаи падар дид. Падару бародарон Зебосанамро бо либосҳои ороставу заррин сиҳату саломат дида, аз хурсанӣ ашки шодӣ рехтанд, апаҳояш бошанд аз ҳирсу бахилӣ месӯхтанд. Зебосанам ба падару бародарон гуфт, ки як ҳафта пас ҳатман назди махлуқи девсурат бармегардад. Апаҳояш намехостанд, ки ӯ назди махлуқ баргардаду боз зеботар ва доротар шавад.
Онҳо бо зораву тавалло ӯро ҳашт рӯз дар наздашон нигоҳ доштанд. Зебосанам низ намехост, ки апаҳояш ранҷанд. Шаби нӯҳум Зебосанам дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё