Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
қаср равон шуданд. Дар қаср базми идона буд. Ошпаз меваҳоро рӯйи хони пурнозу неъмат гузошт ва шоҳу дарбориён ошпазро таърифкунон боиштиҳо хурмо мехӯрданд. Банохост садои даҳшатбори шоҳдухтар ҳамагонро ба худ овард:
– Худоё, афти падарамро бинед!
Гӯшҳои ҳармонанд ва бинии дарози шоҳ нафратовар буданд. Вазиру ҳамагон ба ин ҳол дучор шуда буданд. Онҳо ба гӯшу бинии дарози якдигар менигаристанду аз тарс чашм мепӯшиданд.
Бо амри подшоҳ табибон ҳозир шуданд, вале бефоида. Ҳеҷ кас аз доруи табибон шифо наёфт. Якеро ҷарроҳӣ карданд, вале бинии ӯ аз пешина дарозтар шуд.
Ана дар ҳамин мавриди Муки донои мо қиёфаашро тағйир дода, чун табиб вориди қаср шуд. Мук ба яке аз дарбориён меваи хурмо дод ва ҳамон лаҳза гӯшу бинии дарози ӯ ба асли пешина баргашт. Ҳамагон аз хурсанӣ нидо бардоштанд. Шоҳ хушҳол шуда гуфт:
– Аз ганҷинаам ҳар чӣ ки хостӣ бигиру қиёфаамро ба асли худ баргардон.
Муки донову хирадманд аз ганҷина асо ва кафши сеҳрноки худро гирифта, ба назди подшоҳ омад ва риши сохтаи худро аз рӯй канда партофт. Подшоҳ Мукро шинохта дар ҳайрат монд. Мук ба шоҳи ҳайратзада гуфт:
– Ҷазои шоҳи хиёнаткору қадриношинос ва дарбориёни бадхоҳаш ҳамин аст. Бигзор шумоён тамоми умр бо ҳамин афт боқӣ монед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё