Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
фарзанде ба дунё орам, ки рӯяш чун барф сафед, рухсораҳояш мисли сурхии хун ва мӯяш сип-сиёҳ бошад».
Нияти нек зуд амалӣ мешавад. Баъд аз чанд вақт малика духтаре ба дунё оварду ҳангоми таваллуди фарзанд худ ҷон дод. Тифли навзод дар
ҳусну ҷамол ҳамто надошт. Бинандагон аз рӯйи сафедаш, рухсораҳои лолагунаш ва мӯйҳои сип-сиёҳаш чашм канда наметавонистанд. Барои зебогияш ӯро Паричехра ном гузоштанд.
Баъд аз як сол подшоҳ зани дигаре гирифт. Ин зан низ соҳибҷамол буд. Ӯ бо ҳусну ҷамолаш фахр мекард ва ҳар рӯз назди оина истода мегуфт:
— Оина маро дидӣ, мислам зебо шунидӣ?
Оина дар ҷавоб мегуфт:
— Шумо зеботарин маликаи дунёед!
Ӯ ба оина сахт боварӣ дошт ва аз ин ҷавоб хеле хушҳол мешуд.
Аз байн солҳо гузаштанд ва духтари подшоҳ Паричехра низ духтари қадрас шуд. Ӯ низ бисёр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё