Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
— Барои чӣ ту фармудӣ, ки моҳӣ раҳо карда шавад? Барои худсариат ман туро аз хонаам меронам, барои ту дар қаср ҷой нест! Бирав, чаҳор тарафат қибла!
Шоҳзода аспашро зин кард, андаке тӯшаи роҳ гирифт ва аз қаср берун шуда, ба роҳ даромад.
Масофаеро тай кард. Пас аз чанде ба қафо нигарист. Дид, ки ҷавоне ҳамсоли ӯ савори аспи сафед аз пасаш меояд. Савора ба ӯ наздик шуду салом дод ва пурсид:
— Ту кистӣ ва ба куҷо азми сафар дорӣ?
— Ман писари шоҳам, Ниҳол ном дорам. Аз хона ронда шудаам. Меравам, то дар ягон ҷо коре пайдо кунам ва зиндагиамро пеш барам. Ту кистӣ?
— Ман як балуҷам, ба мисли ту ҷӯёи кор
мебошам, — ҷавоб дод ҷавон.
Онҳо қарор карданд, ки якҷоя сафар бикунанд.
Ба кишваре расиданд, ба назди подшоҳ рафтанд,
ки ба надимӣ қабул шаванд. Шоҳ ба қадду бозуи
онҳо нигаристӣ гуфт:
— Хеле хуб, ман шуморо ба надимӣ мегирам,
посбонии қасрро ба шумо месупорам.
Ҳамон бегоҳ Ниҳол ва ҳамроҳаш ба посбонӣ
шурӯъ карданд. Дар нимаи аввали шаб Ниҳол
посбон буд. Пас аз соате посбонӣ ӯ дид, ки
мӯйсафеде мехоҳад аз қаср берун биравад.
— Ту кистӣ?— пурсид Ниҳол. —Ман иҷозат дода
наметавонам, ки ту аз қаср берун биравӣ.
— Ман тақдири шоҳам, меравам, чунки имшаб
ӯ мемирад.
—Чӣ сабаби марги ӯ хоҳад шуд?— пурсид Ниҳол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё