Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

НаврасонАфсона
Аз аввал хондан

Подшоҳ андеша карду ба рафтани тӯтӣ иҷозат
дод.

Дар тӯй яке аз тӯтиён гуфт, ки дар ин ҷангал дарахти аҷибе мерӯяд: агар шахси куҳансол меваи онро бихӯрад, аз нав ҷавон мешавад. Дар бозгашт тӯтӣ аз он дарахт меваеро гирифта барои подшоҳ овард ва ба подшоҳ гуфт:

– Подшоҳи мӯҳтарам, ман барои шумо ҳадяи
хубе овардаам.

– Он чӣ ҳадяест? — пурсид подшоҳ.

– Он мевае аз дарахти зиндагӣ аст. Касе онро бихӯрад, аз нав ҷавон хоҳад шуд, — ҷавоб дод тӯтӣ.

Подшоҳ меваро гирифту барои машварат
вазирашро даъват кард.

Вазир гуфт:

– Як дона мева хеле кам аст. Ман фикр
мекунам, ки онро бишинонем, дарахт бисабзад,
мевааш ба ҳама мерасад.

Аз меваи шинонда дарахти бузурге рӯид ва меваи зиёде ба бор овард. Меваҳо пухтанд ва якто аз онҳо ба замин афтод. Море хазида омаду ба он мева захр зад. Субҳидам боғбон меваи афтодаро гирифт ва ба назди подшоҳ овард.

Подшоҳ вазирро даъват кард, то ин ки бо ӯ дар бораи хӯрдан ё нахӯрдани мева маслиҳат бипурсад. Вазир маслиҳат дод, ки бигузор ин меваро саги пире бихӯрад ва бубинем, ки ӯ ҷавон мешавад ё не?

Саг меваро хӯрду дар пеши назари подшоҳ ҷон
дод.

пешина
аз 87
навбатӣ