Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан
  • Ин заҳр будааст. Тӯтӣ ба қасди ҷони мо
    меваи заҳролуде овардааст.

Подшоҳ фармон дод, ки тӯтиро бикушанд ва аз
тирезаи қаср берун андозанд. Ҳама бохабар
шуданд, ки дар боғи подшоҳ дарахте мерӯяд, ки
мевааш заҳролуд аст.

Савдогари пире бо занаш ҷанҷол кард. Зан аз хона баромада рафт ва дар сари қаҳр андеша кард:
«Ба боғи подшоҳ меравам ва аз меваи заҳролуд мехӯрам».

Ба боғ омада меваеро канду фурӯ бурд:
намурд, ба духтари ҷавоне табдил ёфт. Ба хона омаду шавҳарашро аз ин ҳол огоҳ кард. Мӯйсафед ҳам мевае хӯрду ҷавон шуд. Ин хабар ба гӯши шоҳ расид. Вай савдогару занашро даъват карда, воқеа ва ҳоли онҳоро пурсид. Ба боғ рафт як мевае хӯрду ҷавон шуд.

Шоҳ фармуд, ки дар куштани тӯтӣ шитоб
кардааст ва сахт пушаймон гардид.

Ва инак, шоҳо, «аввал хуб бисанҷу пас амал
кун».

Подшоҳ андешаманд шуд, ба қаср даромад, вале аз равшан шудани рӯз ва баромадани офтоб барои куштани Ниҳол баргашт. Ниҳол аз хоб хеста буд ва дид, ки подшоҳ ба назди ӯ омад ва гуфт, ки мехоҳад ӯро бикушад.

  • Барои чӣ? - пурсид Ниҳол.

  • Малика талаб дорад, ки ман туро бикушам,
    ин талаби ӯро ба ҷо меоварам.

  • Шоҳо, аввал ба сухани ман гӯш бидеҳ, сипас
    ҳар коре, ки мехоҳӣ бикун.

пешина
аз 87
навбатӣ