Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

Ниҳол ҳамаи воқеаҳои шабона аз сар гузаронидаашро нақл кард ва ба ӯ таъкид намуд:

  • Як бор ба таги кати хобатон нигоҳ кунед ва хулоса бароред, ки ман дурӯғ гуфтам ё рост.

Подшоҳ ба хонаи хобаш баргашту дар зери кат мори кушташуда, тири дар нӯғаш латта печондаи хунолудро дид.
Подшоҳ аз хуш анҷом ёфтани воқеа хурсанд шуд ва духтарашро ба Ниҳол ба занӣ дод.

Пас аз тӯй Ниҳолу занаш ва балуч азми сафари ватан карданд. Дар гӯшаи шаҳр балуч ба Ниҳол гуфт:

  • Зане, ки ба ту додаанд, пурра аз ту нест. Ними вай моли ман аст.

  • Ман тайёрам ба ту товонашро бидиҳам, - гуфт Ниҳол.

  • Не, - гуфт балуч, - ман ними ба худам дахлдоштаро мегирам.

  • Охир ин кор ғайриимкон аст, ту чӣ кор кардан мехоҳӣ?

  • Ман ӯро бо шамшер ду пора мекунам. Як порааш насиби ман, пораи дигараш насиби ту мешавад. Вайро аз асп фурор.

Ниҳол духтарро аз асп фуровард. Балуч шамшерашро ба сари духтар бардошт. Аз тарсу ҳарос духтар дод зад ва аз даҳонаш ду мори сиёҳ баромаданд.

  • Ана, акнун духтар ба пуррагӣ насиби туст, - гуфт балуч. Ман хостам ин ду морро аз бадани ӯ берун бароварам. Агар ин корро намекардам, рӯзе ин морҳо ба ту осеб мерасониданд. Оё ту медонӣ
пешина
аз 87
навбатӣ