Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Бойчечак

I.

Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрӯи химчак.
Бойчечак омад луччак,
Тамошо кун келинчак.

Нақарот:

Бойчечак, бойчечак,
Бӯи баҳор бойчечак,
Бойчечак, бойчечак,
Муждаи кор бойчечак.

II.

Бойчечаки ҳисорӣ,
Танга-тилло ҷуворӣ,
Бойчечак калон шудаст,
Пешопеш равон шудаст.

III.

Эй холаи хонадор,
Ҳарчӣ мехоҳӣ барор,
Таги остона гур-гур,
Хонаи мо ба нон пур.

пешина
аз 57
навбатӣ