Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

М. ДИЁРӢ.

Гулдаста

Нақарот:
Пахта-пахта, ҷон пахта,
Руида чун гулдаста,
Дар чамани колхозҳо,
Кушода раста-раста.

Саҳро мисли гулистон,
Монанди боғу бӯстон,
Пахтаҳо ҳар сӯ хандон,
Хандон, хандон бишкуфта.

Нақарот:

Пахта неву тиллост ин,
Роҳатбахши дилҳост ин,
Ҳосилхезу зебост ин,
Ниҳолаш чун гул раста.

Нақарот:

Колхозчӣ-пахтакорон
Хушнуду шоду хандон,
Баҳри иҷрои плон
Миёнро маҳкам баста.

Нақарот:

пешина
аз 57
навбатӣ