Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
МаорифКӯдаконШеър
Аз аввал хонданАкоям паҳлавон аст
Дар Норак акои ман
Кор мекунад бо кран,
Мебарорад аз замин
Ҳар гуна бори вазнин:
Соруҷу хишту бетон,
Чубу тахтаи калон...
Акоям паҳлавон аст,
Паҳлавони замон аст.
Ҳатто ӯ роҳ нагашта,
Дар ҷои худ нишаста,
Баҷо орад дар як дам
Вазифаи сад одам.
Акоям паҳлавон аст,
Паҳлавони замон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё