Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

КӯдаконШеърМаориф
Аз аввал хондан

Тай-тай

Тай-тай, по-по, кулча-ҳалво,
Кулча-ҳалво, тай-тай, по-по.
Додари мо калон шудаст,
Додари мо равон шудаст,

Оҷа ба мо ко-ко диҳед,
Кулча диҳед, ҳалво диҳед.
Танга, додо, ба мо диҳед,
Ба ҳар яке ҷудо диҳед.

Ҳалворо дар киса ниҳем,
Тангаро бар ако диҳем.
Акои мо савғо харад,
Савғо барои мо харад.

Тай-тай, по-по, кулча-ҳалво,
Кулча ҳалво, тай-тай, по-по.
Додари мо калон шудаст,
Ҳамроҳи мо равон шудаст.

пешина
аз 57
навбатӣ