Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
КӯдаконШеърМаориф
Аз аввал хонданҲ. РОЗИҚ.
Мӯрча
Мӯрчаи доно
Дона мебарад.
Донаро сӯи
Хона мебарад.
Бигрезад аз роҳ,
Нарас ба дона.
Мӯрчаяк барад
Онро ба хона.
Телефони ҷумчуқ
Дар сари симчӯб
Нишаста ҷумчуқ,
Бо нӯлаш симро
Мезанад тук-тук.
Аз боди сармо
Хунук хӯрдаст ӯ,
Ҳоло телефон
Мекунад ҳар сӯ:
— Чашми ҳама
чор,
Ҳама — интизор!
Биё, зуд биё,
Биё, эй баҳор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё