Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданИ. МУҚАДДАС.
Боғчаи мо
Ҳар пагоҳ оем
Хандону хушнуд
Моён — бачаҳо
Ба боғчаи худ.
Мо дӯст дорем
Боғчаи худро
Монанди он нест
Дар рӯи дунё.
Боғчаро тоза
Нигоҳ медорем,
Рӯи ҳавлиаш
Гулҳо мекорем.
Мо дӯст дорем
Боғчаи худро,
Монанди он нест
Дар рӯи дунё.
Дар боғча доим
Мо шодмонем,
Рақсему бозем,
Тарона хонем.
Мо дӯст дорем,
Боғчаи худро
Монанди он нест,
Дар рӯи дунё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё