Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фарангис гуфт: «Ар диранг оварем,
Ҷаҳон бар дили хеш танг оварем.

Аз ин огаҳӣ ёбад Афросиёб,
Насозад ба хўрду наёзад ба хоб.

Биёяд ба кирдори деви сапед,
Дил аз ҷони ширин шавад ноумед.

710 Якеро зи мо зинда андар ҷаҳон
Намонад ҳаме ошкору ниҳон.

Ҷаҳон пур зи бадхоҳу пур душман аст,
Ҳама марзи мо ҷои оҳарман аст.

Ту, эй б-офарин фарру фарзанди ман,
Шунав, то бигўям, яке панд ман.

Яке марғзор аст аз эдар на дур,
Ба як сў зи роҳи саворони Тур.

Ту бардор зину лагоми сиёҳ,
Бирав сўи он марғзорон пагоҳ.

715 Бубинӣ яке кўҳ сар бар сипеҳр,
Ки бар вай бисояд ҳаме абр чеҳр.

Ба боло бароӣ, яке марғзор
Бубинӣ ба кирдори хуррамбаҳор.

Яке ҷўйбор асту оби равон,
Зи дидори ў тоза гардад равон.

Чу хуршед бар теғи гунбад шавад,
Дари хоб рои сипаҳбад бувад.

Гала ҳар чи ҳаст андар он марғзор,
Ба обишхур ояд сўи ҷўйбор.

720 Ба Беҳзод бинмой зину лагом,
Чу ў ром гардад, ту бардор гом.

Бирав пеши ў тез, бинмой чеҳр,
Бихону бар ў мол дастат ба меҳр».

Сиёвуш чу гашт аз ҷаҳон ноумед,
Бар ў тира шуд рўи рўзи сафед,

Чунин гуфт шабранг Беҳзодро,
Ки фармон мабар з-ин сипас бодро.

Ҳаме бош дар кўҳу дар марғзор,
Чу Кайхусрав ояд туро хостор,

725 Варо борагӣ бошу гетӣ бикўб,
Зи душман заминро ба наълат бирўб.

пешина
аз 234
навбатӣ