Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Набудӣ дили ман бад-ин хуррамӣ,
Ки рўи ту дидам ба Туронзамӣ.
Ки донад, ба Эрон, ки ман зиндаам,
Ба хокам в-агар б-оташ афкандаам
690 Сиёвахшро зинда гар дидаме,
Зи тимору ранҷаш бипурсидаме.
Сипос аз ҷаҳондор, к-ин ранҷи сахт
Ба шодиву хубӣ сар овард бахт».
Бирафтанд аз он беша ҳар ду ба роҳ,
Бипурсид Хусрав зи Ковусшоҳ.
В-аз он ҳафтсола ғаму дарди ўй,
Зи густардану хоб в-аз х(в)арди ўй.
Ҳаме гуфт бо шоҳ Гев ин сухун,
Ки додори гетӣ чӣ афканд бун.
695 Ҳамон хоби Гударзу ранҷи дароз,
Хуру пўшишу дарду орому ноз.
Зи Ковус, к-аш сол бифканд фар,
Зи дарди писар гашт бепову сар.
Аз айвон пароканда шуд рангу бўй,
Саросар ба вайронӣ овард рўй.
Дили Хусрав аз дарди эшон бисўхт,
Ба кирдори оташ рухаш барфурўхт.
Бад-ў гуфт: «Акнун зи ранҷи дароз
Туро бар диҳад бахт орому ноз.
700 Маро чун падар бошу бо кас магўй,
Бубин, то замона чӣ орад ба рўй».
Рафтани Гев ва Кайхусрав ба
Сиёвушгирд
Сипаҳбад нишаст аз бари аспи Гев,
Ҳаме рафт пеш-андарун Геви нев.
Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба чанг,
Ҳар он кас, ки пеш омадӣ бедиранг,
Задӣ Геви бедордил гарданаш,
Ба зери гилу хок кардӣ танаш.
Бирафтанд сўи Сиёвушгирд,
Чу омад ду танро дилу ҳуш гирд.
705 Фарангисро низ карданд ёр,
Ниҳонӣ бар он барниҳоданд кор,
Ки ҳар се ба роҳ андароранд рўй
Ниҳон аз далерони пархошҷўй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё