Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Зи динор в-аз гавҳари шоҳвор,
Зи ёқут в-аз тоҷи гавҳарнигор,
Ки мо посбонему ганҷ они туст,
Фидо кардани ҷону ранҷ они туст».
Бибўсид пешаш замин паҳлавон,
Бад-ў гуфт, к-«Эй меҳтари бонувон,
770 Замин аз ту гардад баҳорон биҳишт,
Сипеҳр аз ту ронад ҳаме хубу зишт.
Ҷаҳон пеши фарзанди ту банда бод,
Сари бадсиголони ту канда бод!»
Чу афтод бар хоста чашми Гев,
Гузин кард диръи Сиёвахши нев.
Зи гавҳар, ки пурмоятар ёфтанд,
Бибурданд чандон, ки бартофтанд.
Ҳамон таргу пурмоя баргустувон,
Силеҳе, ки буд аз дари паҳлавон.
775 Дари ганҷро кард шоҳ устувор,
Ба роҳи биёбон баророст кор.
Рафтани Фарангис бо Кайхусрав
ва Гев ба Эрон
Чу ин карда шуд, барниҳоданд зин
Бар он бодпоёни боофарин.
Фарангис тарге ба сар барниҳод,
Бирафтанд ҳар се ба кирдори бод.
Сарон сўи Эрон ниҳоданд гарм,
Ниҳонӣ чунон чун бувад нарм-нарм.
Намонд ин сухан як замон дар нуҳуфт,
Кас омад ба наздики Пирон, бигуфт,
780 Ки «Омад зи Эрон сарафроз Гев,
Ба наздики бедордил шоҳи нев.
Сўи шаҳри Эрон ниҳоданд рўй,
Фарангису шоҳу яли ҷангҷўй».
Чу бишнид Пирон, ғамӣ гашт сахт,
Биларзид бар сони шохи дарахт.
Ҳаме гуфт бо дил, ки омад падид,
Сухан ҳар чи гўшам зи меҳтар шунид,
Чӣ гўям кунун пеши Афросиёб,
Маро гашт наздики ў тира об.
785 Зи гурдон гузин кард Гулбодро,
Чу Настеҳани гурд Пўлодро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё