Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бифармуд, то турк сесад савор
Бирафтанд гирд аз дари корзор.
Чунин гуфт Пирон ба лашкар, ки Ҳин
Махоред сарҳо абар пушти зин.
Сари Гев бар найза созед", гуфт,
Фарангисро хок бояд нуҳуфт.
"Бубандед Кайхусрави шумро,
Бадахтарпаи бебару бумро.
790 Агар об бугзорад он баднишон,
Чӣ орад бар ин марзу ин саркашон".
Сипоҳе бар ин гуна гурду ҷавон,
Бирафтанд бедор ду паҳлавон.
Фарангис бо ранҷдида писар
Ба хоб андароварда буданд сар.
Зи паймудани роҳу ранҷи шабон
Мар он ҳар дуро Гев буд посбон.
Ду тан хуфтаву Гев бо ранҷу хашм,
Ба роҳи саворон ниҳода ду чашм.
795 Зиреҳ дар бару бар сараш низ тарг,
Дил огандаву тан ниҳода ба марг.
Ба баргустувон-андарун аст Гев,
Чунон чун бувад расми солори нев.
Гурехтани Гулбод ва Настеҳан
аз бари Гев
Чу аз дур гарди сипаҳро бидид,
Бизад дасту теғ аз миён баркашид.
Хурўше баровард бар сони абр,
Ки торик шуд мағзу ҷони ҳизабр.
Миёни саворон даромад чу гард,
Зи пархоши ў хок шуд лоҷвард.
800 Замоне ба ханҷар, замоне ба гурз,
Ҳаме рафт оҳан зи болои бурз.
Аз он захми кўполи Геви далер,
Саронро ҳама сар шуд аз ҷанг сер.
Дили Гев чунон шуд аз дарду хашм,
Ки чун чашма будиш дарё ба чашм.
В-аз он пас гирифтанд андар миён
Чунон лашкари гашну шери жиён.
Зи найза наистон шуд овардгоҳ,
Бипўшид дидори хуршеду моҳ.
805 Ғамӣ шуд дили шер дар найситон,
Зи хун найситон гашт чун майситон.
Аз эшон фаровон бияфканд Гев,
Сутўҳ омаданд он саворони нев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё