Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1710 Ту рафтиву гетӣ бимонад дароз,
Куҷо ошкоро бидониш роз?

Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?

Чу шуд сол бар шасту шаш, чора ҷўй,
Зи бешиву аз ранҷ бартоб рўй.

Ту чанги фузунӣ задӣ дар ҷаҳон,
Гузаштанд аз ту басе ҳамраҳон.

Набошӣ бар ин низ ҳамдостон,
Яке бишнав аз номаи бостон.

1715 Чу з-он номдорон ҷаҳон шуд тиҳӣ,
Ту тоҷи фузунӣ чаро барниҳӣ?

Бад-он гаҳ ки андар ҷаҳон дод буд,
Аз эшон ҷаҳон яксар обод буд.

Кунун бишнав аз Гангдиж достон,
Бад-ин достон бош ҳамдостон,

Ки чун Гангдиж дар ҷаҳон ҷой нест,
Бар он сон замине дилорой нест,

Ки онро Сиёвуш бароварда буд,
Басе андар ў ранҷҳо бурда буд.

1720 Биёбон биёяд, чу дарё гузашт,
Бубинӣ яке паҳну беоб дашт.

Чу з-ин бугзарӣ, бинӣ обод шаҳр,
К-аз он шаҳрҳо бартавон дошт баҳр.

В-аз он пас яке кўҳ бинӣ баланд.
Ки болои ў бартар аз чуну чанд.

Мар ин кўҳро Гангдиж дар миён
Бад-он к-ат зи дониш наёяд зиён.

Чу фарсанг сад гирд бар гирдм кўҳ,
Зи болои ў чашм гардад сутўҳ.

1725 Зи ҳар сў ки пўӣ бар ў, роҳ нест,
Ҳама гирд бар гирди ў бар якест.

Бад-ин гуна сиву сефарсанг танг
Аз ин рўю он рўй девори санг.

Гар ин чанд фарсанг агарчанд мард
Бибошад ба раҳ аз паи коркард,

Наёбад бар эшон гузар сад ҳазор
Зиреҳдору баргустувонвар савор,

пешина
аз 234
навбатӣ