Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
К-аз ин бугзарӣ, шаҳр бинӣ фарох,
Ҳама гулшану боғу майдону кох.
1730 Ҳама шаҳр гармобаву рўду ҷўй,
Ба ҳар барзане ромишу рангу бўй.
Ҳама кўҳ нахчиру оҳу ба дашт,
Чу ин шаҳр бинӣ, набояд гузашт.
Тазарвону товусу кабки дарӣ
Биёбӣ, чу бар кўҳҳо бугзарӣ.
На гармош гарму на сармош сард,
Ҳама ҷои шодиву орому х(в)ард.
Набинӣ дар он шаҳр бемор кас,
Яке бўстон аз биҳишт асту бас.
1735 Ҳама обҳо равшану хушгувор,
Ҳамеша бару буми ў чун баҳор,
Дарозиву паҳнош сӣ бор сӣ
Бувад, гар бипаймоядаш порсӣ.
Яку ним фарсанг болои кўҳ,
Ки аз рафтанаш мард гардад сутўҳ.
В-аз он рўй ҳомуне ояд падид,
К-аз он хубтар ҷойгаҳ кас надид.
Бирафташ Сиёвахшу онро бидид,
Мар онро зи Туронзамин баргузид.
1740 Тани хешро номбардор кард,
Фузунӣ яке низ девор кард.
Зи сангу зи гаҷ сохта в-аз рухом
В-аз он гавҳаре, к-аш надонем ном.
Зи сад раш фузун аст болои ў,
Ҳамон сиву ҳашт аст паҳнои ў.
Наёяд бад-ў манҷаниқу на тир,
Бибояд туро дидан он ногузир,
Ки онро касе то набинад ба чашм,
Ту гўӣ зи гўянда ояд ба хашм.
1745 Зу теғаш ду фарсанг то бумхок,
Ҳама гирд бар гирд хокаш мағок.
Набинад замин дида бар теғи кўҳ,
Ҳам аз бар шудан мурғ гардад сутўҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё