Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба Настеҳани гурд Гулбод гуфт,
Ки «Ин кўҳи хорост бо ёлу суфт.

Бидон, к-ин ҳама фарри Кайхусрав аст,
На аз захми кўполи Геви гав аст.

Надонам чӣ ояд бар ин буму бар,
Зи фармони Яздон кӣ ёбад гузар?

810 Зи гуфтори ахтаршиносон нишон
Бад ояд ба Турону бар саркашон».

Яке ҳамла карданд бар сони шер
Бад-он лашкари гашн бо доругир.

Хурўш омаду нолаи каррной,
Ҳаме кўҳро дил баромад зи ҷой.

Ҳама ғору ҳомун пур аз кушта шуд,
Зи хун хок чун арғавон гашта шуд.

Гурезон бирафтанд яксар сипоҳ
Зи Геви сарарози лашкарпаноҳ,

815 Ҳама хаставу кушта гаштанд боз
Ба наздики Пирони гарданфароз.

Ба наздики Кайхусрав омад далер,
Пур аз хун бару чанг бар сони шер.

Бад- ў гуфт, к-«Эй шоҳ, дил шод дор,
Хирад ёр дору тан обод дор.

Яке лашкар омад паси мо ба ҷанг
Чу Гулдобу Настеҳани тезчанг.

Чунон боз гаштанд, ҳар кас ки зист,
Ки бар ёлу баршон бибояд гирист.

820 Гузашта зи Рустам ба Эрон савор
Надонам, ки бо ман кунад корзор».

Аз ў шод шуд Хусрави покдин,
Ситудаш фаровону кард офарин.

Бихўрданд чизе, ки дарёфтанд,
Сўи роҳу бероҳ биштофтанд.

Чу туркон ба наздики Пирон шуданд,
Чунон хаставу зору бирён шуданд,

Барошуфт Пирон, ба Гулбод гуфт,
Ки «Чунин шигифте нашояд нуҳуфт,

825 Чӣ кардед бо Гев, Хусрав куҷост?
Сухан бар чӣ сон рафт, баргўй рост».

Бад-ў гуфт Гулбод, к-«Эй паҳлавон,
Ба пеши ту гар баркушоям забон,

Ки Геви диловар ба гурдон чӣ кард,
Дилат сер гардад зи дашти набард.

Фаровон ба лашкар маро дидаӣ,
Набарди маро ҳам писандидаӣ.

Бад-он гуна овардам андар рикеб,
Ки гуфтам, ки бинам ҳам акнун нишеб.

830 Ҳамоно, ки кўпол беш аз ҳазор
Гирифтӣ зи дасти ман, эй номдор.

пешина
аз 234
навбатӣ