Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ки гар Геву Хусрав ба Эрон шаванд,
Занон андар Эрон чу шерон шаванд.
850 Намонад бар ин буму бар хоку об
В-аз ин доғдил гардад Афросиёб.
Бад-ин рафтан аз ман шиносад гуноҳ,
На аз гардиши ахтару хуру моҳ».
Ба гуфтори ў сар барафрохтанд,
Шабу рўз яксар ҳаме тохтанд.
Чунин то биёмад яке жарфрўд,
Сипаҳ шуд пароканда бе тору пуд.
Бунаш жарфу паҳнош кўтоҳ буд,
Бад-он рафтани мард гумроҳ буд.
855 Буд он обро ном Гулзарриюн,
Будӣ дар баҳорон чу дарёи хун.
Ба дигар карон хуфта буд Геву шоҳ,
Нишаста Фарангис бар дидагоҳ.
Фарангис аз он ҷойгаҳ бингарид,
Дурафши сипаҳдори Турон бидид.
Давон шуд бари Геву огоҳ кард,
Бад-он хуфтагон хоб кўтоҳ кард.
Бад-ў гуфт, к-«Эй марди боранҷ, хез,
Ки омад туро рўзгори гурез.
860 Яке лашкар омад паси мо дамон,
Битарсам, ки танг андарояд замон.
Туро гар биёбанд, беҷон кунанд,
Дили мо зи дарди ту печон кунанд.
Маро бо писар ҳар ду дида пуроб
Барад баста наздики Афросиёб.
В-аз он пас надонам чӣ ояд зи банд,
Надонад касе рози чархи баланд».
Бигуфту бихўрданд чизе, ки буд,
Шаҳаншоҳ бо Геви пурдил ғунуд.
Зи ногоҳ гарде баромад зи дашт.
Ки кўҳу дару ғор аз ў тира гашт.
Чу Пирон биёмад ба наздики рўд,
Сипаҳ буд пароканда бе тору пуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё