Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ў гуфт Гев: «Эй маҳи бонувон,
Чаро ранҷа дорӣ бад-ин сон равон?

865 Ту бо шоҳ баршав ба болой тунд,
Зи Пирону лашкар машав ҳеч кунд.

Ҷаҳондори пирўз ёри ман аст,
Сари ахтар андар канори ман аст.

Ба нерўи Яздони ҷонофарин
Саворе намонам бар афрози зин».

Бад-ў гуфт Кайхусрав: «Эй размсоз,
Кунун кори ман бар ту-бар шуд дароз.

Зи доми бало ёфтам ман раҳо,
Ту чандин машав дар дами аждаҳо.

870 Ба ҳомун маро рафт бояд кунун,
Фишондан зи шамшер бар чарх хун».

Бад-ў гуфт Гев: «Эй шаҳи сарафроз,
Ҷаҳонро ба тоҷи ту омад ниёз.

Падар паҳлавон асту ман паҳлавон,
Ҳамеша бари шоҳ баста миён.

Бародар маро ҳаст ҳафтоду ҳашт,
Ҷаҳон шуд чу номи ту андар гузашт.

Басе паҳлавон асту шоҳ андаке
Чӣ андак, ки пайдо набинам яке.

875 Агар ман шавам кушта, дигар бувад,
Сари тоҷвар бошад, афсар бувад.

В-агар ту шавӣ дур аз эдар табоҳ,
Набинам касе аз дари тоҷу гоҳ.

Шавад ранҷи ман ҳафтсола ба бод,
Ва дигар, ки айб оварам бар нажод.

Ту боло гузину сипаҳро бубин,
Маро ёр бошад ҷаҳонофарин.

Чу пирўз бошам, ҳам аз фарри туст,
Ҷаҳон ҷумла дар сояи парри туст».

Ҷанги Пирон бо Гев

880 Бипўшид диръу биёмад чу шер,
Ҳамон бораи кўҳпайкар ба зер.

Аз ин сў сипаҳбад в-аз он сў сипоҳ,
Миёнҷӣ шуда рўду барбаста роҳ.

Чу раъди баҳорон биғуррид Гев,
Зи солори лашкар ҳаме ҷуст нев.

Барошуфт Пирону дашном дод,
Бад-ў гуфт, к-«Эй бадраги баднажод,

пешина
аз 234
навбатӣ