Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту танҳо бад-ин размгоҳ омадӣ,
Диловар ба пеши сипоҳ омадӣ.

885 Кунун хўрданат захми жўпин бувад,
Танатро кафан чанги шоҳин бувад.

Ту гар кўҳи оҳан бувӣ як савор,
Чу мўр андароянд гирдат ҳазор,

Кунанд ин зиреҳ дар барат чок-чок,
Чу мурдор он гаҳ кашандат ба хок.

Яке достон зад ҳизабри дамон,
Ки чун бар гавазне сар ояд замон,

Замона бар ў дам ҳаме бишмарад,
Биёяд, ки бар шери нар бугзарад.

890 Замон оваридат кунун пеши ман,
Ҳамон пеши ин номдор анҷуман.»

Аз он пас биғуррид Геви сутург,
Сари саркашон паҳлавони бузург,

Ки «Эй турки бадгавҳари девзод,
Ки чун ту сипаҳбад ба гетӣ мабод!

Ба кини Сиёвуш маро дидаӣ,
Ҳамоно, ки размам писандидаӣ,

Ки чандон бузургону туркони Чин
Табаҳ гашта бар дасти ман рўзи кин.

895 Ба тороҷ додам ҳама хони ту,
Газанд омад аз ман абар ҷони ту.

Ду меҳтар занат буд абар анҷуман,
Асир оваридам кашон аз Хутан.

Яке хоҳарат буд, дигар занат,
Ки ларзон будандӣ ба ҷону танат.

Ду турки дижамро чу ман дидамаш,
Ба камтар яке банда бахшидамаш.

Намудӣ ба ман пушт ҳамчун занон,
Бирафтӣ ғиревону мўякунон.

900 Туро худ ҳаме мурд бояд чу зан,
Миёни ялон лофи мардӣ мазан.

К-аз ин нанг то ҷовидон меҳтарон
Бигўянд, бо руд ромишгарон,

Ки танҳо ҳаме Гев Хусрав бибурд,
Ҳама номатон нанг бояд шумурд.

пешина
аз 234
навбатӣ