Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Гирифтор шудани Пирон дар дасти Гев
Чу бишнид Пирон, баровард хашм,
Дилаш гашт пурҷўшу, пуроб чашм.
925 Барангехт аспу бияфшурд рон,
Ба гардан баровард гурзи гарон.
Чу киштӣ зи дашт андаромад ба руд,
Ҳаме дод некидиҳишро дуруд.
Накард эч Гев озмунро шитоб,
Бад-он то сипаҳбад баромад зи об.
Зи ҷангаш ба пастӣ бупечид Гев,
Гурезон ҳаме рафт солори нев.
Ҳамовард бо Гев наздик шуд,
Ҷаҳон чун шаби тира торик шуд.
930 Чу аз об в-аз лашкараш дур кард,
Ба зин андарафканд гурзи набард.
Яке ҳамла овард бар паҳлавон,
Ту гуфтӣ, ки буд аждаҳои дамон.
Гурезон шуд аз Гев Пирони шер,
Пас-андар ҳаме тохт Геви далер.
Ниҳонӣ аз он паҳлавони баланд
Зи фитрок букшод печон каманд.
Бупечид Геви сарафроз ёл,
Каманд андарафканду кардаш дувол.
935 Сари паҳлавон андаромад ба банд,
Зи зин баргирифташ ба ҳамми каманд.
Пиёда ба пеш андарафканд хор,
Бибурдаш ба дур аз лаби ҷўйбор.
Бияфканд бар хоку дасташ бубаст,
Силеҳаш бипўшиду худ барнишаст,
Дурафшаш гирифта ба даст-андарун,
Бишуд то лаби оби Гулзарриюн.
Чу туркон дурафши сипаҳдори хеш
Бидиданд ночор, рафтанд пеш.
940 Хурўш омаду нолаи каррной,
Дами нои сарғину ҳиндидарой.
Чу он дид Гев, андаромад ба об,
Чу киштӣ ба мавҷ андарояд шитоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё