Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Баровард гурзи гаронро ба кифт,
Сипаҳ мондааз кори ў дар шигифт.
Сабук шуд инону гарон шуд рикеб,
Сари саркашон хира гашт аз ниҳеб.
Ба теғу рикобу ба суфту ба бод
Ҳаме туркро хок бар сар ниҳод.
945 Аз афканда шуд рўи ҳомун чу кўҳ,
Зи яктан шуданд он далерон сутўҳ.
Қафои ялон сўи ў буд ҳама,
Чу шер андаромад миёни рама.
Чунон лашкари гашну мардони нев
Гурезон бирафтанд аз пеши Гев.
Чунон чира баргашту бугзошт об,
Ки гуфтӣ надидаст лашкар ба хоб.
Дамон то ба наздики Пирон расид,
Ҳаме хост аз тан сарашро бурид.
950 Ба хорӣ бибурдаш пиёда кашон,
Давону пур аз дард чун беҳушон.
Бари шоҳ бурдаш ҳаме зору хор,
Ду рухсора зарду ба тан сўгвор.
Пиёда ба наздики Хусрав замин
Бибўсиду бар шоҳ кард офарин.
Чунин гуфт, к-«Ин бадтани бевафо
Гирифтор шуд дар дами аждаҳо,
Сиёвуш ба гуфтори ў сар бидод,
Чу ў бод гашт, ин шавад низ бод».
955 Абар шоҳ Пирон гирифт офарин,
Хурўшиду бўсид рўи замин.
Ҳаме гуфт, к-«Эй шоҳи донишпижўҳ,
Чу хуршеди тобон миёни гурўҳ,
Ту донистаӣ дарду тимори ман,
Зи баҳри ту бо шоҳ пайкори ман.
Агар банда будӣ ба даргоҳ шоҳ,
Сиёвахши хусрав нагаштӣ табоҳ.
Туву модарат ҳар ду аз чанги дев
Бурун оваридам ба рою ба рев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё