Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
960 Сазад, гар ман аз чанги ин аждаҳо
Ба фарру ба бахти ту ёбам раҳо».
Раҳо кардани Фарангис
Пиронро аз Гев
Ба Кайхусрав он гаҳ нигаҳ кард Гев,
Бад-он, то чӣ фармон диҳад шоҳи нев.
Фарангисро дид дида пуроб,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.
Ба Гев он гаҳегуфт, к-«Эй сарфароз,
Кашида чунин ранҷи роҳи дароз.
Чунон дон, ки ин пирсар паҳлавон
Хирадманду род асту равшанравон.
965 Пас аз додгар довари раҳнамун
Бидон, к-ў раҳонид моро зи хун.
Зи бад меҳри ў пардаи ҷони мост,
В-аз ин кардаи хеш зинҳор хост.
Ба мо бахшаш, эй номвар, ту кунун,
Ки ҳаргиз набуд бар бадӣ раҳнамун».
Бад-ў гуфт Гев: «Эй сари бонувон,
Анўша бизӣ шоду равшанравон.
Яке сахт савганд хўрдам ба моҳ,
Ба тоҷу ба тахти сарафроз шоҳ,
970 Ки гар даст ёбам бар ў рўзи кин,
Кунам арғавонӣ ба хунаш замин».
Бад-ў гуфт Кайхусрав: «Эй шерфаш,
Равонро зи савганди Яздон макаш.
Кунун дил ба савганд густох кун,
Ба ҳанҷар варо гўш сўрох кун.
Чу аз ҳанҷарат хун чакад бар замин,
Ҳам аз меҳр ёд оядат, ҳам зи кин».
Дили шоҳ бар паҳлавон гарм дид,
Рухонаш пур аз обу озарм дид.
975 Бишуд Геву гўшаш ба ханҷар бисуфт,
Ба савганд бар тандурустӣ бихуфт.
Чунин гуфт Пирон аз он пас ба шоҳ,
Ки «Натвон пиёда шудан то сипоҳ.
Бифармой, к-аспам диҳад боз низ,
Чунон дон, ки бахшидаӣ ҷону чиз».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё