Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки гар Геви Гударзу он девзод
Шаванд абри ғурранда ё тезбод,

Фуруд оварамшон зи чархи баланд,
Бизад даст в-аз теғ букшод банд,

1035 Бигуфташ: «Бад-ин теғи оҳангузор
Ба кина барорам аз эшон димор.

Фарангисро чун ба чанг оварам,
Ба чашмаш ҷаҳон тору танг оварам.

Миёнаш бибуррам ба шамшери тез,
Ба моҳӣ диҳам, то кунад рез-рез.

Чу Кайхусрав Эрон биҷўяд ҳаме,
Фарангис бо вай чӣ пўяд ҳаме?»

Гуфтугўи Гев бо божбон

Ба сўи Хутан рафт Пирон нажанд,
В-аз ин сў ҳаме тохт шоҳи баланд.

1040 Худи саркашон сўи Ҷайҳун кашид,
Ҳаме доман аз хашм дар хун кашид.

Ба Ҳумон бифармуд, к-«Андаршитоб,
Инонро бикаш то лаби рўди об,

Ки чун Геву Хусрав зи Ҷайҳун гузашт,
Ҳама ранҷи мо бод гардад ба дашт.

Нишон омад аз гуфтаи ростон,
Ки доно бигуфт аз гаҳи бостон,

Ки аз тухмаи Тур в-аз Кайқубод
Яке шоҳ сар барзанад бонажод,

1045 Ки Туронзаминро кунад хорсон,
Намонад бар ин буму бар шорсон.

Дили ў ба Эрон гирояд ба меҳр,
Ба Турон намояд пур аз кина чеҳр.

Расиданд пас Геву Хусрав ба об,
Ҳаме будашон бар гузаштан шитоб.

Гирифтанд пайкор бо божхоҳ,
Ки «Киштӣ кадом аст бар божгоҳ

Наванде, куҷо бодбонаш нав аст,
Нишасте, ки зебои Кайхусрав аст?»

1050 Чунин гуфт пас Гевро божгоҳ,
Ки «Оби равонро чи чокар, чи шоҳ.

Ҳаме гар гузар боядат з-оби рўд,
Фиристод бояд ба киштӣ дуруд».

пешина
аз 234
навбатӣ