Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-ў гуфт Гев: «Он чи хоҳӣ, бихоҳ!
Гузар деҳ, ки танг андаромад сипоҳ».
Чу бишнид аз ў божбон гуфтугўй,
Сўи Гев кард он гаҳе тез рўй:
«Нахоҳам зи ту, гуфт, бож андаке,
Аз ин чор чизат бихоҳам яке.
1055 Зиреҳ хоҳам аз ту, гар аспи сиёҳ,
Парастор ё ридаки ҳамчу моҳ».
Бад-ў гуфт Гев: «Эй гусистахирад,
Сухан з-ин нишон худ кай андархурад?
Агар бо шаҳаншоҳ шаҳре будӣ,
Туро з-ин ҷаҳон низ баҳре будӣ.
Кӣ бошӣ, ки шаҳро кунӣ хостор
Чунин бодпое ту, эй хоксор?
Дигар модари шоҳ хоҳӣ ҳаме,
Ба бож афсари моҳ хоҳӣ ҳаме?
1060 Се дигар чу шабранг Беҳзодро,
Ки дарёбад ў рўзи таг бодро.
Чаҳорум, ки ҷустӣ ба хира зиреҳ,
Зиреҳ бояд аз ҳар касе бо гиреҳ.
Нагардад чунин оҳан аз об тар,
На оташ бар ў-бар бувад коргар.
На найза, на шамшери ҳиндӣ, на тир,
Ҳаме бож хоҳӣ бар ин обгир.
Кунун об морову киштӣ туро,
Бад-ин моя роҳи дуруштӣ туро».
Гузаштани Кайхусрав аз Ҷайҳун
1065 Ба шаҳ гуфт Гев: «Ар ту Кайхусравӣ,
Набинӣ аз ин об ҷуз некувӣ.
Фаридун, ки бугзашт аз Арвандрўд,
Ҳаме дод тахти меҳиро дуруд.
Ҷаҳоне саросар шуд ўро раҳӣ,
Ки бо равшанӣ буду бо фарраҳӣ.
Чӣ андеша, ар шоҳи Эрон туӣ.
Паноҳи далерону шерон туӣ.
Ба бад обро кай бувад бар ту роҳ,
Ки бо фарру бурзиву зебои гоҳ.
1070 Агар ман шавам ғарқа, гар модарат,
Гаронӣ набояд, ки гирад сарат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё