Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунон лашкари гашну ду паҳлавон,
Ҳазимат гирифтанд пиру ҷавон.

В-аз он пас, ки Пирон биёмад далер,
Миёнбаставу бодпое ба зер,

Ба ёлаш бияндохт печонкаманд,
Сари паҳлавон андаромад ба банд.

Ба хоҳишгарӣ рафтам, эй шаҳрёр,
В-агарна бикандӣ сарашро ба зор.

1200 Бад-он к-ў зи дарди падар хаста буд,
Зи бад гуфтани ман забон баста буд.

Маро ў раҳониду модар ба ҳам
Зи чанголи ошуфта шери дижам.

В-агарна маро ҳам ба сони падар
Ҳаме хост аз тан ҷудо кард сар.

Чунин то лаби рўди Ҷайҳун зи ҷанг
Наёсуд бо гурзаи говранг.

Саранҷом бугзошт Ҷайҳун ба хашм,
Ба обу ба хушкӣ наяфканд чашм.

1205 Касеро, ки чун ў бувад паҳлавон,
Сазад, гар бимонад ҳамеша ҷавон».

Чу Ковус гуфтори Хусрав шунид,
Рухонаш ба кирдори гул бишкуфид.

Сари Гев бигрифт андар канор,
Бибўсид рўю бараш бешумор.

Ба Гударз-бар шаҳ гирифт офарин,
Бар он кишвару буму бар ҳамчунин.

Яке хилъаташ дод, к-андар ҷаҳон
Касе он надид аз кеҳону меҳон.

1210 Набиштанд маншур бар парниён
Хуросону Рай, ҳам Қуму Исфаҳон.

Варо дод солори ҷамшедфар,
Диловар ба хуршед-бар бурд сар.

«Кашидӣ варо, -гуфт, -бисёр ранҷ,
Кунун бар хур, эй ранҷдида зи ганҷ».

Ҳамон гоҳ Гударзу гударзиён
Кушоданд бар офаринҳо забон.

Ниҳоданд сар яксара бар замин,
Ҳаме хондандӣ бар ў офарин.

1215 Фарангисро гулшани зарнигор
Биёрост бо тавқу бо гўшвор.

пешина
аз 234
навбатӣ