Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ки то ман шавам кушта андар шикам,
Ки ўро раҳоӣ мабодо зи ғам!
Чу гаштам ман аз покмодар ҷудо,
Ба кўҳам фиристод он носазо.
Миёни бузу говмешу сутур
Шумурдам шубу рўз гарданда хур.
Саранҷом Пирон биёмад ба кўҳ,
Маро бурд наздики он кинпижўҳ.
Битарсидам аз кору кирдори ўй,
Бупечидам аз хашму озори ўй.
Зи ҳар ҷой пурсиду ҳар чиз гуфт,
Хирад бо ҳунар кардам андар нуҳуфт.
Зи сар гар бипурсид, гуфтам зи пой,
Зи хўрд ар бипурсид, гуфтам зи ҷой.
Бибурдаш варо ҳушу дониш Худой.
Маро бехирад ёфт он тирарой.
Чу бемоя дарёфт мағзи сарам,
Ба нафрин фиристод зӣ модарам.
1185 Агарвижа абре бувад рўдбор,
Кушандападар чун бувад дўстдор?»
Бад-ў гуфт Ковус, к-«Эй сарфароз,
Ҷаҳонро ба тоҷи ту омад ниёз,
Ки ҳастӣ ба гавҳар зи тухми меҳон,
Сазовору доно чу шоҳаншаҳон».
Дигар гуфт Хусрав ба Ковусшоҳ,
Ки «Эй шаҳрёри ҷаҳондидагоҳ.
Зи Гев ар бигўям ба Хусрав хабар,
Ҳар он-ч аз вай омад ҳама сар ба сар,
1190 Аҷаб монаду нест ҷои шигифт,
К-аз он бартар андоза натвон гирифт,
Ки вай чанд сахтӣ бибурду намуд,
Ба Турон маро ҷусту разм озмуд.
Агар низ ранҷе набурдӣ чунин,
Кӣ бо ман биёмад ба Туронзамин?
Сарафроз ду паҳлавон бо сипоҳ
Паси мо биёмад чу оташ ба роҳ.
Ман он дидам аз Гев, к-аз пили маст
Набинад ба Ҳиндустон бутпараст.
1195 Гумоне набурдам, ки ҳаргиз наҳанг
Зи дарё барояд бад-он сон ба ҷанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё