Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сари бораи диж буд андар ҳаво,
Надиданд ҷанги ҳаворо раво.
Сипаҳбад Фарибурзро гуфт: «Мард
Ба чизе чу ояд ба дашти набард:
Ба тиру камону ба теғу каманд,
Бикўшад, ки бар душман орад газанд.
1345 Ба пиромани диж яке роҳ нест,
В-агар ҳаст, аз мо кас огоҳ нест.
Миён зери ҷавшан бисўзад ҳаме,
Тани боркаш барфурўзад ҳаме.
Ту андеша дар дил маёвар басе,
Ту нагрифтӣ ин диж, нагирад касе».
Бигаштанд як ҳафта гирд-андараш,
Ба ҷое надиданд пайдо дараш.
Ба навмедӣ аз разм гаштанд боз,
Наёмад бар аз ранҷи роҳи дароз.
Рафтани Кайхусрав ба Дижи Баҳман
ва гирифтан онро
1350 Чу огоҳӣ омад ба озодагон
Бари пир Гударзи Кашводагон,
Ки Тусу Фарибурз гаштанд боз,
Туро рафт бояд ҳаме размсоз.
Биёрост Гударзу бархост ғав,
Биёмад сипаҳбад ҷаҳондори нав.
Яке тахти заррин забарҷаднигор
Ниҳоданд бар пилу ҷангисавор.
Ба гирд-андараш бо дурафши бунафш,
Ба пой-андарун карда зарринакафш.
1355 Зи беҷода тоҷеву тавқе зи зар,
Ба зар-андарун чанд гуна гуҳар.
Ҳаме гуфт, к-имрўз рўзи нав аст,
Нишасти ҷаҳонҷўй Кайхусрав аст.
Ҷаҳонҷўй бар тахти заррин нишаст,
Ба сар-бар яке тоҷу гурзе ба даст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё