Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бишуд то дижи Баҳман озодшоҳ,
Худу Геву Гударзу чандон сипоҳ.

Чу наздики диж шуд, ба зин барнишаст.
Бипўшид диръу миёнро бубаст.

1360 Нависандае хонд бар пушти зин,
Яке нома фармуд бо офарин.

Зи анбар навиштанд бар паҳлавӣ,
Чунон чун бувад номаи хусравӣ,

Ки ин нома аз бандаи кирдгор,
Ҷаҳонҷўй Кайхусрави номдор.

Ки аз бандае аҳриман бад биҷаст.
Ба Яздон зад аз ҳар бадӣ покдаст,

Ки ўяст ҷовид бартар Худой,
Ҳам ўяст рўзидиҳу раҳнамой.

1365 Худованди кайвону баҳрому хур,
Худованди фарру худованди зўр.

Маро дод аврангу фарри каён,
Тани пилу чанголи шери жиён.

Ҷаҳоне саросар ба шоҳӣ марост,
Сари гов то бурҷи моҳӣ марост.

Гар ин диж бару буми оҳарман аст,
Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст.

Ба фарру ба фармони Яздони пок
Сарашро зи абр андарорам ба хок.

1370 В-агар ҷодувонрост ин дастгоҳ,
Маро худ ба ҷоду набояд сипоҳ.

Чу хам дар дуволи каманд оварам,
Сари ҷодувонро ба банд оварам.

В-агар худ хуҷаста Суруш-андар аст,
Ба фармони Яздон яке лашкар аст.

Ҳамон ман на аз пушти оҳарманам,
Ки бо фарру бурз аст ҷону танам.

Ба фармони Яздон кунам диж тиҳӣ,
Ки ин аст фармони шоҳаншаҳӣ.

1375 Яке найза бигрифт Хусрав дароз,
Бар ў баст он номаи сарфароз.

Ба сони дурафше баровард рост,
Зи гетӣ ба ҷуз фарри шоҳӣ нахост.

пешина
аз 234
навбатӣ