Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бифармуд, то Гев бо найза тафт
Ба наздики он баршуда бора рафт.
Бад-ў гуфт, к -«Ин номаи пандманд
Бубар сўи девори ҳисни баланд.
Бинеҳ найзаву номи Яздон бихон,
Бигардон инон тезу лахте бирон».
1380 Бушуд Гев найза гирифта ба даст,
Пур аз офарин гурди яздонпараст.
Чу нома ба девори диж дарниҳод,
Паёми ҷаҳонҷўй Хусрав бидод.
Зи Яздони некидиҳиш ёд кард,
Пас он чармаи тезрав бод кард.
Шуд он номаи номвар нопадид,
Хурўш омаду хоки диж бардамид.
Ҳамон гаҳ ба фармони Яздони пок
Аз он бораи диж баромад тарок.
1385 Ту гуфтӣ, ки раъд аст андар баҳор,
Хурўш омад аз дашту аз кўҳсор.
Ҷаҳон гашт чун рўи зангӣ сиёҳ,
На хуршед пайдо, на парвину моҳ.
Ту гуфтӣ баромад яке тира абр,
Ҳаво шуд ба кирдори коми ҳизабр.
Барангехт Кайхусрав аспи сиёҳ,
Чунин гуфт бо паҳлавони сипоҳ,
Ки «Бар диж яке тир борон кунед,
Камонро чу абри баҳорон кунед».
1390 Баромад яке меғи бориштагарг,
Татарге, ки бар дорад аз абр марг.
Зи девон басе шуд ба пайкон ҳалок,
Басе заҳракафта фитода ба хок.
В-аз он пас яке равшанӣ бардамид,
Шуд он тирагӣ сар ба сар нопадид.
Баромад яке боди боофарин,
Ҳаво гашт хандону рўи замин.
Ҷаҳон шуд ба кирдори тобанда моҳ
Ба номи ҷаҳондору аз фарри шоҳ.
1395 Бирафтанд девон ба фармони шоҳ,
Дари диж падид омад он ҷойгоҳ.
Ба диж-дар шуд он шоҳи озодагон
Або пир Гударзи Кашводагон.
Яке шаҳр дид андар он диж фарох,
Пур аз боғу майдону айвону кох.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё