Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи гуфторҳо пўзиш овард пеш,
Бупечид аз он беҳуда рои хеш.

Ҷаҳондори пирўз бинвохташ,
Бихандиду бар тахт биншохташ.

1420 Варо гуфт, к-«Ин ковиёнӣ дурафш,
Ҳам ин паҳлавониву зарринакафш

Набинам сазои касе дар сипоҳ,
Туро зебад ин ному ин дастгоҳ.

Ҷуз аз ту касеро созовор нест,
Ба дил-дар маро аз ту озор нест.

Туро пўзиш акнун наёяд ба кор,
На бегонаро хостӣ шаҳрёр».

В-аз он ҷо сўи Порс бинҳод рўй
Ҷавонбахту бедору дайҳимҷўй.

1425 Чу з-ў огаҳӣ ёфт Ковуси кай,
Ки омад зи раҳ пури фархундапай,

Пазира шудаш бо рухи арғавон.
Зи шодӣ дили пир гашта ҷавон.

Чу аз дур Хусрав ниёро бидид,
Бихандиду шодон дилаш бардамид.

Пиёда шуду бурд пешаш намоз.
Ба дидори ў буд ниёро ниёз.

Бихандиду ўро ба бар даргирифт,
Ситоиш сазовори ў баригирифт.

1430 Ки пирўз баргашт шер аз набард,
Дилу дидаи душманон хира кард.

В-аз он ҷо сўи кох рафтанд боз
Ба тахти ҷаҳондори дайҳимсоз,

Бар тахти шоҳӣ нишонидани
Ковус Хусравро

Ба шодӣ зи аспон фуруд омаданд,
Забону равон пурдуруд омаданд.

Бишуд Хусраву дасти Ковусшоҳ
Бибўсиду молид рухро ба гоҳ.

В-аз он пас ниё дасти ўро ба даст
Гирифту бибурдаш ба ҷои нишаст.

пешина
аз 234
навбатӣ