Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1435 Нишондаш дилафрўз бар ҷои хеш,
Зи ганҷур тоҷи каён хост пеш.
Бибўсиду бар сар-ш бинҳод тоҷ,
Ба курсӣ шуд аз моявар тахти оҷ.
Зи ганҷаш забарҷад нисор оварид,
Басе гавҳари шоҳвор оварид.
Басе офарин бар Сиёвуш бихонд,
Ки Хусрав ба чеҳра ҷуз ўро намонд.
Зи паҳлў бирафтанд пурмоягон,
Сипаҳбад сарону гаронсоягон.
1440 Ба шоҳӣ бар ў офарин хонданд,
Ҳама зарру гавҳар барафшонданд.
Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод,
Зи як даст бистад, ба дигар бидод.
Ба дардем аз ин рафтан андар фиреб,
Замоне фарозу замоне нишеб.
Агар дил тавон доштан шодмон,
Ҷуз аз шодмонӣ макун, то тавон!
Ба хубӣ биёрою бешӣ бубахш,
Макун рўзро бар дили хеш пахш.
1445 Бихур, ҳар чӣ дорӣ, фузунӣ бидеҳ,
Ту ранҷидаӣ, баҳри душман манеҳ!
Туро доду фарзандро ҳам диҳад,
Ҳамон шох, к-аз бехи ту барҷаҳад.
Набинӣ, ки гетӣ пур аз хостаст,
Ҷаҳоне ба хубӣ биёростаст.
Камӣ нест дар бахшиши додгар,
Ҳаме шодӣ орою андуҳ мах(в)ар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё