Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Кайхусрав
Подшоҳии Кайхусрав шаст сол буд
Оғози достон
Сухан ронд гўё бар ин достон,
Дигар гўяд аз гуфтаи бостон,
Ки Хусрав чӣ гуна нишинад ба гоҳ,
Чӣ гуна фиристад ба Турон сипоҳ.
Гар аз бахшиши кирдгори сипеҳр
Маро зиндагӣ монаду тоза чеҳр,
5 Бимонам ба гетӣ яке достон
Аз ин номаи номвар бостон.
Ба полез чун баркашад сарв шох,
Сари сабзшохаш барояд ба кох.
Ба болои ў шод бошад дарахт,
Чу бинад-ш бинодилу некбахт.
Дили рўзгораш ҳаме парварад,
Ҷаҳоне зи кирдори ў бар х(в)арад.
Агар подшоҳӣ бувад дар гуҳар,
Бибояд, ки некӣ кунад тоҷвар.
Сазад, гар гумоне барад бар се чиз,
К-аз ин се гузаштӣ, ҷаҳор аст низ,
10 Ҳунар бо нажод асту бо гавҳар аст,
Се чиз асту ҳар се ба банд-андар аст.
Ҳунар кай бувад, то набошад гуҳар,
Нажода касе дидаӣ беҳунар?!
Гуҳар он, ки аз фарри Яздон бувад,
Наёзад ба бад дасту бад нашнавад.
Нажод, он ки бошад зи тухми падар,
Сазад, к-ояд аз тухми покиза бар.
Ҳунар он ки омўзӣ аз ҳар касе,
Бикўшиву печӣ зи ранҷаш басе.
Ба шабҳо зи бас, к-ин сухан гуфта шуд,
Ниёиш ҳамон гаҳ пазируфта шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё