Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
В-аз он ҷойгаҳ сўи шоҳ омаданд,
Ба дидори фаррухкулоҳ омаданд.
Чу Хусрав гави пилтанро бидид,
Сиришкаш зи мижгон ба рух барчакид.
Фуруд омад аз тахту кард офарин,
Таҳамтан бибўсид рўи замин.
55 Ба Рустам чунин гуфт, к-«Эй паҳлавон,
Ҳамеша бизӣ шоду равшанравон!
Ки парвардгори Сиёвуш туӣ,
Ба гетӣ хирадманду хомуш туӣ».
Сари Золи Зарро ба бар даргирифт,
Зи баҳри падар даст бар сар гирифт.
Гавонро ба тахти каӣ барнишонд,
Бар эшон ҳама номи Яздон бихонд.
Нигаҳ кард Рустам саропои ўй,
Нишасту сухан гуфтану рои ўй.
60 Рухаш гашт пурхуну дил пур зи дард,
Зи кори Сиёвуш басе ёд кард.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-«Эй шаҳрёр,
Ҷаҳонро туӣ аз падар ёдгор.
Надидам ман андар ҷаҳон тоҷвар
Бад-ин фарру монандагӣ бо падар».
В-аз он пас чу аз тахт бархостанд,
Ниҳоданд хону май оростанд.
Ҷаҳондор то нимаи шаб нахуфт,
Гузашта суханҳо ҳама боз гуфт.
Гардидани Кайхусрав гирди подшоҳӣ
65 Чу хуршед шамшери рахшон кашид,
Шаби тираро гашт сар нопадид,
Баромад зи даргоҳ овози ной,
Бузургон сўи шоҳ карданд рой.
Чу Тусу чу Гударзу Геви далер,
Чу Гургину Густаҳму Руҳҳоми шер.
Гаронмоягон назди шоҳ омаданд,
Бад-он номвар боргоҳ омаданд.
Чу анбўҳ гаштанд бар пешгоҳ,
Чунон гуфт шоҳи ҷаҳон бо сипоҳ,
70 Ки «Хоҳам, ки бинам саросар замин
Ҳама марзи Эрони боофарин.
Бипўем бар сони рои шикор,
Ба шодӣ гузорем як рўзгор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё