Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-ин рой гаштанд яксар меҳон,
Ки пўянду бинанд баҳр аз ҷаҳон.
Ба нахчир шуд шаҳрёри ҷаҳон
Або номвар Рустами паҳлавон.
Зи лашкар бирафтанд озодагон,
Чу Геву чу Гударзи Кашводагон,
75 Чу Шопуру Баҳроми шамшерзан,
Чу Гургину чун Бежани тирзан.
Чу Фарҳоду чун Зангаи Шоварон,
Гуроза, ки ў буд зи ҷанговарон.
Сипоҳе, ки шуд тира хуршеду моҳ
Зи бас ҷавшану хўду гурзу кулоҳ.
Аз афканданахчир бе роҳу роҳ
Пур аз куштагон гашт чун размгоҳ.
Ҳама буми Эрон саросар бигашт,
Ба ободу вайронӣ андар гузашт.
80 Ҳар он буму бар, к-он на обод буд,
Табаҳ буду вайрон зи бедод буд,
Дирам доду обод кардаш зи ганҷ,
Зи доду зи бахшиш наёмад ба ранҷ.
Ба ҳар шаҳр биншасту бинҳод тахт,
Чунон чун бувад мардуми некбахт.
Ҳамон бадраву ҷоми май хостӣ,
Ба динор гетӣ биёростӣ.
В-аз он ҷо сўи шаҳри дигар шудӣ,
Ҳамон бо маю тахту афсар шудӣ.
85 Чунин то дари Озарободагон
Бишуд бо бузургону озодагон.
Ҳаме хўрд бода, ҳаме тохт асп,
Биёмад сўи хони Озаргушасп.
Ба оташкада-бар ниёиш гирифт,
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт.
Биёмад хиромон аз он ҷойгоҳ,
Ниҳоданд сар сўи Ковусшоҳ.
Нишастанд бо ў ба ҳам шодмон,
Набуданд ҷуз шодмон як замон.
90 Чу пур шуд сар аз ҷоми равшангулоб,
Ба хобу ба осоиш омад шитоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё