Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
В-аз он пас чунин гуфт бо дил ба меҳр,
Ки аз ҷунбишу расми гардонсипеҳр
Кӣ ин розҳо бар дили вай кушод,
Ҳамоно, ки Эронаш омад ба ёд?
Зи Ковус в-аз тахти шоҳаншаҳӣ
Ба ёд омадаш рўзгори беҳӣ.
1805 Дили хеш аз ин гуфта хурсанд кард,
На оҳанги рои хирадманд кард.
Ҳама роҳ аз ин гуна буд гуфтугўй,
Дил аз буданиҳо пур аз ҷустуҷўй.
Чу аз пушти аспон фуруд омаданд,
Зи гуфтор як бор дам барзаданд.
Яке хони заррин биёростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.
Фиристодани Афросиёб Пиронро
дар кишварҳо
Бибуданд аз ин гуна як ҳафта шод,
Зи шоҳони гетӣ гирифтанд ёд.
1810 Ба ҳаштум яке нома омад зи шоҳ
Ба наздики солори туронсипоҳ.
К-аз ин ҷо бирав то ба дарёи Чин,
Сипоҳе зи кундоварон баргузин.
Ҳаме рав чунин то сари марзи Ҳинд
В-аз он ҷо гузар кун ба дарёи Синд.
Ҳама божи кишвар саросар бихоҳ,
Бигустар ба марзи Хазар дар сипоҳ.
Баромад хурўш аз дари паҳлавон,
Зи кўсу табира замин шуд навон.
1815 Зи ҳар сў сипоҳ анҷуман шуд бар ўй
Яке лашкари гашни пархошҷўй.
Чу омад ба даргоҳи Пирон сипоҳ,
Ҳаме рафт аз он сў, ки фармуд шоҳ.
Ба назди Сиёвуш басе хоста,
Зи динору аспони ороста.
Ба ҳангоми падруд кардан бимонд,
Ба фармон бирафту сипаҳро биронд.
Бино кардани Сиёвуш Сиёвушгирдро
Ҳаюне зи наздики Афросиёб
Чу оташ биёмад ба ҳангоми хоб.
1820 Яке нома назди Сиёвуш ба меҳр
Навишта ба кирдори равшансипеҳр,
Ки то ту бирафтӣ, наям шодмон,
Аз андеша беғам наям як замон.
Валекин ман андархури рои ту
Ба Турон биҷустам ҳаме ҷои ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё