Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Гар он ҷо, ки рафтӣ, хушу хуррам аст,
Чунон чун бибояд, дилат беғам аст.
Бад-он подшоҳӣ кунун бозгард,
Сари бадсигол андаровар ба гард.
1825 Сипаҳбад буна барниҳоду бирафт,
Бад-он сон, ки солор фармуд тафт.
Ҳазор уштури модаи сурхмўй
Буна барниҳоданд бо рангу бўй.
Сад уштур зи ганҷу дирам бор кард,
Чиҳилро ҳама бор динор кард.
Аз Эрону Турон гузида савор
Бирафтанд шамшерзан даҳ ҳазор.
Ба пеши сипоҳ-андарун хоста,
Имориву хубони ороста,
1830 Зи ёқуту пирўзаи шоҳвор,
Чӣ аз тавқ в-аз тоҷи гавҳарнигор,
Чи анбар, чи уду чи мушку абир,
Чи дебо, чи аз тахтаҳои ҳарир,
Зи мисриву чиниву аз порсӣ
Ҳаме рафт бо ў шутурвор сӣ.
Ниҳоданд сар сўи хуррамбаҳор
Сипаҳдору он лашкари номдор.
Чу омад бад-он ҷойгаҳ, даст охт,
Ду фарсанг болову паҳно бисохт.
1835 Биёрост шаҳре зи кохи баланд,
Зи полез в-аз гулшани арҷманд.
Ба айвон нигорид чанде нигор
Зи шоҳону аз базму аз корзор.
Нигори сари тоҷи Ковусшоҳ
Нигорид бо ёраву гурзу гоҳ.
Бари тахти ў Рустами пилтан,
Ҳамон Золу Гударзу он анҷуман.
Зи дигар сў Афросиёбу сипоҳ,
Чу пирону Гарсевази кинахоҳ.
1840 Ба Эрону Турон бари ростон,
Шуд он шаҳри хуррам яке достон.
Ба ҳар гўшае гунбаде сохта,
Сарашро ба абр-андар афрохта.
Нишаста сароянда ромишгарон,
Ҳама ҷо ситода гавону сарон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё