Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Фаромарзро деҳ сипоҳи гарон,
Чунон чун бибояд зи ҷанговарон.
280 Кушода шавад кор бар дасти ўй,
Ба коми наҳангон расад шасти ўй,
Рухи паҳлавон гашт аз он обдор,
Басе офарин хонд бар шаҳрёр.
Бифармуд Хусрав ба солори бор
Аз он пас, ки «Хони хуришро биёр!»
Май оварду ромишгаронро бихонд.
В-аз овози эшон ҳаме хира монд.
Оростани Кайхусрав лашкари худро
Чу хуршеди тобон баромад зи кўҳ,
Сароянда омад зи гуфтан сутўҳ.
285 Баромад табира зи даргоҳи шоҳ,
Рада баркашиданд бар боргоҳ.
Бубастанд бар пил рўинахум,
Баромад хурўшидани говдум.
Ниҳоданд бар кўҳаи пил тахт,
Ба бор омад он хусравонӣ дарахт.
Баёмад, нишаст аз бари пил шоҳ,
Ниҳода ба сар-бар зи гавҳар кулоҳ.
Яке тавқи пургавҳари шоҳвор,
Ба чанг-андарун гурзаи говсор.
290 Фурўҳишта аз гўш ду гўшвор,
Ба дурру ба ёқут карда нигор.
Ба бозуву ёра зи ёқуту зар,
Зи хушшобу зарру забарҷад камар.
Ҳаме зад миёни сипаҳ пил гом
Або занги заррину зарринситом.
Яке мўҳра дар ҷом дар дасти шоҳ,
Ба кайвон расида хурўши сипоҳ.
Зи теғу зи гурзу зи кўсу зи гард
Сияҳ шуд замин, осмон лоҷвард.
295 Ту гуфтӣ ба дом-андар аст офтоб,
В-агар гашт хумми сипеҳр андар об.
Ҳаме чашми равшан ҷаҳонро надид,
Сипеҳру ситора синонро надид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё