Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама пок сўи Сипадкўҳ бурд,
Ба банд-андарун сўи анбўҳ бурд.

В-аз он пас биёмад, дари диж бубаст,
Яке бораи тезтаг барнишаст.

470 Чу бархост овози кўс аз Миям,
Ҳамон гард чун обнўс аз Чарам,

Зи боми диж-андар Ҷарира бидид,
Аз он саҳми лашкар дилаш бардамид.

Ҷарира зане буд моми Фуруд,
Зи баҳри Сиёвуш дилаш пур зи дуд.

Бари модар омад Фуруди ҷавон
Чунин гуфт, к-«Эй бонуи бонувон,

Аз Эрон сипоҳ омаду пилу кўс,
Ба пеши бузургон сипаҳдор Тус.

475 Чӣ гўӣ, чӣ бояд кунун сохтан?
Набояд, ки орад яке тохтан».

Ҷарира бад-ў гуфт: к-«Эй размсоз,
Бад-ин рўз ҳаргиз мабодат ниёз.

Ба Эрон бародар-т шоҳи нав аст,
Ҷаҳондори бедор Кайхусрав аст.

Туро нек донад ба ному гуҳар
Зи ҳамхуну аз мўҳраи як падар.

Ба гетӣ касе чун Сиёвуш набуд,
Сазад, гар замона мар ўро ситуд.

480 Бад-ў дод Пирон маро аз нахуст,
В-агарна зи туркон ҳаме зан наҷуст.

Нажоди ту аз модару аз падар
Ҳама тоҷдору ҳама номвар.

Бародар-т чун кина ҷўяд ҳаме,
Равони Сиёвуш бишўяд ҳаме.

Туро пеш бояд ба кин тохтан,
Камар бар миён бастану сохтан.

Баратро ба хафтони румӣ бипўш,
Бирав дил пур аз ҷўшу сар пурхурўш.

485 Гар ў кина ҷўяд ҳаме аз ниё,
Туро кина зеботар аз кимиё,

пешина
аз 234
навбатӣ