Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бад-ў гуфт Гударз: «Пурмоя шоҳ
Туро пешрав кард бар ин сипоҳ.
Бад-он раҳ, ки гуфт ў, сипаҳро бирон,
Макун бар сипаҳ кори рафтан гарон.
455 Магардон сар аз гуфтаи подшоҳ,
Набояд, к-аз он хаста гардад сипоҳ».
Бад-ў гуфт Тус: «Эй гави номдор,
Аз ин гуна андеша дар дил мадор,
К-аз ин шоҳро дил нагардад дижам,
Сазад, гар надорӣ аз он ҳеч ғам».
Бигуфту бифармуд, то бугзаранд,
Ба сўи Калоту Чарам раҳ баранд.
Чу фармони хусрав наёвард ёд,
Нигар, то саранҷом чун ҷаст бод.
Огоҳӣ ёфтани Фуруд аз омадани Тус
460 Пас огоҳӣ омад ба назди Фуруд,
Ки шуд рўи хуршеди тобон кабуд.
Зи пои ҳаюнону аз гарди пил
Замин шуд ба кирдори дарёи Нил.
Сипоҳи бародар-т аз Эронзамин
Ҳаме сўи Турон гирояд ба кин.
Зи роҳи Калот аст оҳангашон,
Надонам куҷо уфтад ҷангашон.
Чу бишнид нокордида ҷавон,
Дилаш гашт пурдарду тира равон.
465 Фуруд омад аз диж, фурўҳишт банд,
Биёмад, нигаҳ кард кўҳи баланд.
Бифармуд, то ҳар чи будаш яла,
Ҳаюнону аз гўспандон гала,
Фасила ба банд андаровард низ,
Намонд эч бар кўҳу бар дашт чиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё