Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мабодо, ки бо вай натобӣ ба ҷанг,
Кунӣ рўз бар ман бад-ин ҷанг танг.

985 Чу шер асту ҳомун варо марғзор,
Ҷуз аз марди ҷангӣ наҷўяд шикор».

Бад-ў гуфт Бежан: «Маро з-ин сухун
Ба пеши ҷаҳондор нангӣ макун.

Силеҳи Сиёвуш маро деҳ ба ҷанг,
Пас он гаҳ зи ман ҷў шикори паланг».

Бад-ў дод Геви далер он зиреҳ,
Ҳаме баст Бежан зиреҳро гиреҳ.

Яке бораи тезтаг барнишаст,
Ба ҳомун хиромид найза ба даст.

990 Палошон яке оҳу афканда буд,
Кабобаш бар оташ пароканда буд.

Ҳаме хўрду аспаш чамону чарон,
Палошон фиканда ба бозу камон.

Чу аспаш зи дур аспи Бежан бидид,
Хурўше бароварду андардамид.

Палошон бидонист, к-омад савор,
Биёмад басечидаи корзор.

Яке бонг барзад ба Бежан баланд,
«Манам, - гуфт, - шеравжани девбанд.

995 Бигў ошкоро, ки номи ту чист?
Ки ахтар ҳаме бар ту хоҳад гирист».

Диловар бад-ў гуфт: «Бежан манам,
Ба ҷанг-андарун деви рўинтанам.

Ниё шери ҷангӣ, падар Геви гурд,
Бубинӣ ҳам акнун зи ман дастбурд.

Ба рўзи ялон дар дами корзор
Ту бар кўҳ чун гурги мурдорхор.

Ҳаме дуду хокистару хун х(в)арӣ,
Гаҳ омад, ки лашкар ба ҳомун барӣ».

1000 Палошон ба посух накард эч рой,
Барангехт он пили ҷангӣ зи ҷой.

Саворони шарза баровехтанд,
Яке гарди тира барангехтанд.

Синонҳои найза ба ҳам баршикаст,
Ялон сўи шамшер бурданд даст.

Ба захм-андарун теғ шуд лахт-лахт,
Бибуданд ларзон чу барги дарахт.

пешина
аз 234
навбатӣ