Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сипаҳбад ба Пирони солор гуфт,
Ки «Хусрав сухан баркушод аз нуҳуфт.
Магар, к-ин суханро пазира шавем,
Ҳама бо дурафшу табира шавем.
В-агарна зи Эрон биёяд сипоҳ,
На хуршед бинем равшан, на моҳ,
1025 Бирав лашкар овар зи ҳар сў фароз,
Набояд, ки гардад суханҳо дароз».
В-аз ин сў баромад яке тундбод,
Ки касро зи Эрон набуд ҷанг ёд.
Яке тундабр андаромад чу гард
Зи сардӣ ҳамон лаб ба ҳам барфи сард.
Саропардаву хаймаҳо гашт ях,
Кашид аз бари кўҳ бар барф нах.
Ҳама кишвар аз барф шуд нопадид,
Ба як ҳафта кас рўи ҳомун надид.
1030 Хуру хобу оромгаҳ танг шуд,
Ту гуфтӣ, ки рўи замин санг шуд.
Касеро набуд ёди рўзи набард,
Ҳаме аспи ҷангӣ бикушту бих(в)ард.
Табаҳ шуд басе мардуму чорпой,
Якеро набуд хинги ҷангӣ ба ҷой.
Ба ҳаштум баромад баланд офтоб,
Ҷаҳон шуд саросар чу дарёи об.
Сипаҳбад сипаҳро ҳаме гирд кард,
Ҳаме гуфт чанде зи рўзи набард.
1035 Ки «Эдар табаҳ шуд зи тангӣ сипоҳ,
Сазад, гар биронем аз эдар ба роҳ.
Мабодо, бар ин буму барҳо дуруд,
Калоту Сипадкўҳ то Косарўд».
Зи гурдон сарафроз Баҳром гуфт,
Ки «Ин бар сипаҳбад нашояд нуҳуфт.
Ту моро ба гуфтор хомуш кунӣ,
Ҳама разми пури Сиёвуш кунӣ.
Макун, гуфтамат, к-ин чунин нест рост,
Нигаҳ кун, к-аз ин кор чанде бикост.
1040 Ҳанўз аз бадӣ то чи ояд-т пеш,
Ба чарм-андар аст ин замон говмеш».
Сипаҳбад чунин гуфт, к-«Озаргушасп
Набуд номвартар зи ҷангӣ Зарасп.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё