Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба хайма-дарун Гев бедор буд,
Сипаҳдор Гударз ҳушёр буд.

Хурўш омаду бонги захми табар,
Саросема шуд Геви пархошхар.

Ба зин буд дар пеши пардасарой
Яке аспи баргустувонвар ба пой.

1205 Ба тан-бар бипўшид Геви далер
Силоҳи Сиёвахши чун наррашер.

Барошуфт бар хештан чун паланг,
Зи хобу зи осоиш омад-ш нанг.

Ҳаме гуфт: «Бархез, имшаб чӣ буд,
Ки мағзам зи пайкор шуд пур зи дуд.»

Биёмад, ба асп андаровард пой,
Ба кирдори бод андаромад зи ҷой.

Зи гарду зи шаб осмон тира дид,
Ба пардасарои сипаҳбад расид.

1210 Бад-ў гуфт: «Бархез, к-омад сипоҳ,
Ба хоб-андаранд он далерони шоҳ.

В-аз он ҷойгаҳ шуд ба назди падар,
Ба ҷанг-андарун гурзаи говсар.

Ҳаме гашт бар гирди лашкар чу дуд,
Барангехт онро, ки ҳушёр буд.

Яке ҷанг бо Бежан афканд пай,
Ки ин ҷои ҷанг аст, ё ҷои май?

Сипоҳ андаромад ба гирди сипоҳ,
Яке бонг бархост бар размгоҳ.

1215 Саросема шуд маст аз дору гир,
Баромад яке абру борон-ш тир.

Ба зери сари маст болини нарм,
Зи бар теғу шамшеру кўполи гарм.

Сапеда чу барзад сар аз бурҷи шер,
Ба лашкар нигаҳ кард Геви далер,

Ҳама дашт аз эрониён кушта дид,
Сари бахти бедор баргашта дид.

Ҳаме кард Гударз ҳар сў нигоҳ,
Зи душман бияфзуд ҳазмон сипоҳ.

1220 Бад-он андакӣ баркашиданд нах
Сипоҳе бар кирдори мўру малах.

Сипаҳбад нигаҳ кард, гурдон надид,
Зи лашкар далерону мардон надид.

пешина
аз 234
навбатӣ