Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1895 Зи гуфтори ў шод шуд шаҳрёр,
Ки шохи барўмандӣ омад ба бор.
Фиристодани Афросиёб Гарсевазро
назди Сиёвуш
Ба Гарсеваз он достонҳо бигуфт,
Нуҳуфта бурун оварид аз нуҳуфт:
«Бирав шодмон то Сиёвахшгирд,
Бубин, то чӣ ҷой аст, баргард гирд.
Сиёвуш ба Туронзамин дил ниҳод
В-аз Эрон нагирад ҳаме ҳеч ёд.
Чу ў кард падруд тахту кулоҳ,
Чу Гурдарзу Баҳрому Ковусшоҳ.
1900 Набинад ҳаме Рустами Золро,
Нагирад ба каф гурзу кўполро.
Ба ҷое, ки будӣ ҳама бум хор
Бисозид шаҳре чу хуррамбаҳор.
Фарангисро кохҳои баланд
Баровардаву дорадаш арҷманд.
Ва бархезу барсоз кору бирав,
Ба назди Сиёвахши озода шав.
Чу бар тахт бинӣ, фаровон магўй,
Ба чашми бузургӣ нигаҳ кун бар ўй.
1905 Чу нахчиру май бошаду дашту кўҳ,
Нишинанд пешат фаровон гурўҳ.
Ба пеши бузургон гиромиш дор,
Ситоиш куну низ номиш дор.
Яке ҳадяе соз бисёрмар
Зи динору аспу зи тоҷу камар.
Ҳамон гавҳари тахту дебои Чин,
Ҳамон ёраву гурзу теғу нигин.
Зи густурданиҳову аз бўю ранг
Бубин, то зи ганҷат чӣ ояд ба чанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё