Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1695 Севум ҳафта Пирон чунон кард рой,
Ки бо шодмонӣ равад боз ҷой.

Яке хилъат орост Афросиёб,
Ки гар баршуморам-т, гирӣ шитоб.

Зи динор в-аз гавҳари шоҳвор,
Зи заррин камарҳои гавҳарнигор,

Зи аспони тозӣ ба зарринситом,
Зи шамшери ҳиндӣ ба зарринниём.

Яке тахти пурмоя аз оҷу соҷ,
Зи пирўза маҳду зи беҷода тоҷ.

1700 Парастори чиниву румиғулом,
Пур аз мушку анбар зи пирўза ҷом.

Ба наздики Пирон фиристод чиз,
Ҷуз инаш басе ҳадяҳо дод низ.

Сипаҳбад чу баргашт аз пеши шоҳ,
Бад-ў гуфт шоҳ: «Эй гави некхоҳ,

Ту бо мўбадон бошу хушёр бош,
Сипаҳро зи душман нигаҳдор бош.

Ба ҳар сў хирадманду корогаҳон
Пароканда бифрист ҳар сў ниҳон,

1705 Ки Кайхусрав имрўз бохоста-ст,
Ба доду диҳиш кишвар ороста-ст.

Нажоди бузургиву тахту кулоҳ,
Чу шуд гирд, аз ин беш чизе махоҳ.

Зи баргаштани душман эмин машав,
Замон то замон огаҳӣ хоҳ нав.

Ба ҷое, ки Рустам бувад паҳлавон,
Гар эмин бихуспӣ, бупечад равон.

Ҷуз аз вай маро аз кас андеша нест,
Ки ҷуз кина ҷустан варо пеша нест.

1710 Битарсам, ки барҷўшад аз ҷойгоҳ,
Ба Турон барорад зи Эрон сипоҳ».

Пазируфт Пирон ҳама панди ўй,
Ки солори ў буду пайванди ўй.

Сипаҳдор Пирону он анҷуман
Ниҳоданд сар сўи марзи Хутан.

Сипоҳу сипаҳбад ҳама шодмон
Бирафтанд яксар давону дамон.

Ба пой омад ин достони Фуруд,
Кунун разми Комус бояд шунуд.

пешина
аз 234