Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунон хораш аз пушти зин баргирифт,
Ки монданд гарданкашон дар шигифт.

2010 Чунон пеши Гарсеваз овард х(в)аш,
Ту гуфтӣ, яке мурғ дорад ба каш.

Фуруд омад аз аспу бифшорд даст,
Пур аз ханда бар тахти заррин нишаст.

Барошуфт Гарсеваз аз кори ўй,
Ғамӣ шуд дилаш, зард русори ўй.

В-аз он тахти заррин ба айвон шуданд,
Ту гуфтӣ, ки бар авҷи кайвон шуданд.

Нишастанд як ҳафта бо руду май
Ҳама номдорони фархундапай.

2015 Ба ҳаштум ба рафтан гирифтанд соз,
Сиёвуш ҳама ҳар чи будаш ба роз,

Яке нома бинвишт наздики шоҳ,
Пур аз лобаву пурсиши некхоҳ.

В-аз он пас мар ўро басе ҳадя дод,
Бирафтанд аз он шаҳри обод шод.

Фаровон бигуфтанд бо якдигар,
Аз он пурҳунар шоҳу он буму бар.

Чунин гуфт Гарсевази кинаҷўй,
Ки «Моро бад омад зи Эрон ба рўй.

2020 Яке мардро шоҳ аз Эрон бихонд,
Ки аз нанг моро ба хун дарнишонд.

Ду шери жиён чун Дамуру Гурўй,
Ки буданд гурдони пархошҷўй,

Чунон зору бечора гаштанд хор,
Зи чанголи нопокдил як савор.

Саранҷом аз ин бугзаронад сухун,
На сар бинам ин кори шаҳро, на бун».

Бозгаштани Гарсеваз ва бадгўӣ
кардан пеши Афросиёб

Чунин то ба даргоҳи Афросиёб
Бирафту накард эч орому хоб.

2025 Чу наздики солори туронсипоҳ
Расиду бипурсид ҳар гуна шоҳ.

Фаровон сухан гуфту нома бидод,
Бихонду бихандиду баргашт шод.

Нигаҳ кард Гарсевазиномдор,
Бад-он тоза рухсораи шаҳрёр.

Ҳаме буд якдил пур аз кину дард,
Бад-он гаҳ, ки хуршед шуд лоҷвард,

пешина
аз 234
навбатӣ