Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама шаб бипечид, чун рўзи пок
Ҳаме ҷомаи қиргун кард чок,

2030 Сари марди кина наёмадба хоб,
Биёмад ба наздики Афросиёб.

Зи бегона пардахта карданд ҷой,
Нишастанду гуфтанд ҳар гуна рой.

Бад-ў гуфт Гарсеваз: «Эй шаҳрёр,
Сиёвуш дигар дорад оину кор.

Фиристода омад зи Ковусшоҳ
Ниҳонӣ ба наздики ў чанд гоҳ.

Зи Руму зи Чин низаш омад паём,
Ҳаме ёди Ковус гирад ба ҷом.

2035 Бар ў анҷуман шуд фаровон сипоҳ,
Бупечид аз ў ногаҳон ҷони шоҳ.

Агар Турро дил нагаштӣ дижам,
Зи гетӣ ба Эраҷ накардӣ ситам.

Ду гавҳар – яке оташу дигар об,
Ба дил як зи дигар гирифта шитоб.

Ту хоҳӣ, ки бар хира ҷуфт оварӣ,
Ҳаме бодро дар нуҳуфт оварӣ.

Агар кардаме бар ту ин бад ниҳон,
Маро зиштномӣ будӣ дар ҷаҳон».

2040 Дили шоҳ аз ин кор шуд дардманд,
Пур аз ғам шуд аз рўгори нажанд.

Бад-ў гуфт: «Бар ман туро меҳри хун
Биҷунбиду шуд мар туро раҳнамун.

Се рўз андар ин кор рой оварем,
Суханҳои беҳтар ба ҷой оварем.

Чу ин кор гардад хирадро дуруст,
Сари ришта он гоҳ бояд-т ҷуст».

Чаҳорум чу Гарсеваз омад ба дар,
Кулаҳ бар сару танг баста камар,

2045 Сипаҳдори Турон варо пеш хонд,
Зи кори Сиёвуш фаровон биронд.

Бад-ў гуфт, к-«Эй ёдгори Пашанг,
Чӣ дорам ба гетӣ ҷуз аз ту ба чанг?

пешина
аз 234
навбатӣ